26 май 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов тавассути ҳашар синфхонаҳои иловагӣ бунёд мекунанд

204
Роҳбарони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба бунёди синфхонаҳои иловагӣ санги асос гузоштанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 -и Ҷамоати деҳоти Деҳмой чор синфхонаи иловагӣ тавассути ҳашар бунёд карда мешаванд.

Сохтмони бинои мазкур тавассути ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинони маҳал муташаккилона оғоз гардид.

Роҳбарияти муассисаи таълимӣ якҷо бо фаъолони маҳал тасмим гирифтаанд, ки барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас бинои иловагӣ ба истифода диҳанд.

Сокинони маҳал ният доранд, ки бинои нави таълимиро дар доираи омодагиҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво