Ҷавонони Ишкошим дар таъмири мактабҳо кумак мерасонанд
271
Дар ноҳияи Ишкошим бо иқдоми сокини деҳаи Хасхоруғи Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров Руслан Нуруллоев боми бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 36-и деҳаи Хасхоруғ таъмиру навсозӣ гардид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳамзамон ҷавонони деҳаи Намадгути Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдом гирифта буданд, ки баҳри беҳтар намудани шароити таълими хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и деҳа дар назди муассиса чанд синфхонаи иловагӣ бунёд намоянд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот идома дошта, ҷавонон ва сокинони меҳнатқарини деҳаи Намадгут азм доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон синфхонаҳои иловагиро мавриди истифода қарор диҳанд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, «мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем». Ҷавонони ноҳияи Ишкошим, ки зодагони даврони соҳибистиқлоланд, дар партави ҳидояту сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар самти бунёдкорӣ ва созандагӣ саҳми босазо гузошта истодаанд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |