24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкорони ноҳияи Фархор дар бунёди муассисаҳои таълимӣ саҳм мегузоранд

357
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Мирзошариф Шарифов ба масофаи як километр роҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 дар деҳоти Ватани ноҳияи Фархор мумфарш карда шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, роҳи мазкур дар ҳолати вайронӣ қарор дошта, рӯзҳои бориши барфу борон барои хонандагон ва сокинон душворӣ пеш меовард.

Ҳамчунин дар ноҳия бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 барои 1000 ҷойи нишаст ва аз ҷониби соҳибкор Диловар Муҳиддинов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 38 дар деҳоти «Ғайрат» барои 800 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Фархор 30 муассисаи таълимӣ ва даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 14 мактаби замонавӣ бо фарогирии 7 ҳазору 480 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ ба истифода дода мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво