27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазорати маориф ва илм: Се лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ пурра аз расмиёти дохилидавлатӣ гузаронида шуданд

203
Имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки дар соли сипаригардида се лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳуриҳои Сербия ва Фаластин оид ба таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи шабакавии ИДМ пурра аз расмиёти дохилидавлатӣ гузаронида шуданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2020-2021 аз Федератсияи Россия 620 бурсия, Озарбойҷон- 6 бурсия, Венгрия-20 бурсия, Руминия- 1 бурсия, Беларус- 8 бурсия, Қазоқистон- 50 бурсия, Украина- 20 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намуданд.

М.Имомзода ҳамчунин зикр кард, ки бо назардошти вазъи баамаломада дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор 110 нафар донишҷӯ тариқи ҳавопаймоҳои чартерӣ ба ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Украина сафарбар карда шуданд. Таҳсили дигари донишҷӯён тариқи онлайн ба роҳ монда шудааст.

Дар нишаст зикр гардид, ки дар ин давра 3520 нафар донишҷӯ барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба қайд гирифта шуда, таҳсили онҳо тариқи фосилавӣ ба роҳ монда шуд. Дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ зиёда аз 10 995 нафар донишҷӯи хориҷӣ қабул гардиданд.

Дар нишаст доир ба норасоии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ зикр шуд, ки ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дархост пешниҳод гардида, тибқи он Вазорати маориф ва илм мутахассисони ҷавонро дар асоси роҳхат ба муассисаҳои зикршуда сафарбар менамояд. Эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2020-2021 барои 2994 нафар пешниҳод гардид. Бо роҳхати вазорат 4251 нафар ба муассисаҳои таълимӣ ба кор фиристода шуданд, ки аз ин теъдод то моҳи ноябри соли 2020 2306 нафар ба ҷой кор ҳозир шуда, 1142 нафар бо сабабҳои узрнок ва 802 нафар бесабаб ба ҷойи кор ҳозир нашуданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки ҳоло дар қаламрави мамлакат 65 нафар омӯзгори забони русӣ ва 98 нафар омӯзгори забони англисӣ намерасад.

Зикр шуд, ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Телефони боварӣ” фаъол аст. Дар соли сипаригардида муроҷиати шаҳрвандон асосан фарогири масоили азхудкунии заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ, аз меъёр зиёд талаб намудани маблағ дар боғчаҳо, пардохт нашудани музди меҳнату рухсатипулии омӯзгорон, барзиёд талаб кардани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, рафтору муносибати дағалонаи баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон, ҷамъоварии маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ ва харидории лавозимоти зарурӣ барои синф, шаффоф нагузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагон ва озмуни квота дар даври ноҳиявию вилоятӣ, аз ҷониби волидон пардохт нагардидани маблағи моҳонаи муассисаҳои таълимии хусусӣ ва амсоли инҳо буд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво