14 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

1 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

26653
Имрӯз бахшида ба Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ занги аввал садо дод. Беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон бори аввал ба мактаб қадам гузоштанд.

Ҳамасола дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.

Зимни яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд, ки «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ — мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».

Тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола дар мамлакат теъдоди хонандагон афзоиш меёбад. Агар дар соли таҳсили 2016-2017 дар ҷумҳурӣ 215 ҳазору 932 нафар хонанда ба синфи як, яъне бори аввал ба мактаб рафта бошанд, пас дар соли хониши 2017-2018 ин теъдод, тибқи маълумоти омории пешакӣ, ба 240 ҳазор нафар мерасад.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми мамлакат, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 3865 муассисаи таълимӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 1 млн 837 ҳазору 762 нафар хонанда бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бояд гуфт, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ 116 ҳазору 921 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд.

Ба иттилои Вазорат, дар 8 моҳи соли равон 64 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 20 043 ҷойи нишаст бо маблағи зиёда аз 370 миллион сомонӣ ба истифода дода шудаанд.

Қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл ба Тоҷикистон 30 нафар омӯзгор аз Федератсияи Россия барои таълиму тарбияи толибилмон ва боло бурдани сатҳи омӯзиши забони русӣ омаданд. Ин омӯзгорон тӯли як сол дар мактабу гимназияҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият хоҳанд намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво