28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Омодагиҳо ба соли нави таҳсил. Шиносоии Вазири маориф ва илм аз муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Муъминобод

311
Бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати омодагии муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба соли нави таҳсил, сафари Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ин минтақа сурат гирифт.

Тавре аз Вазорати маориф ва илм ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Муҳаммадюсуф Имомзода дар доираи сафари худ ба рафти омодагиҳои муассисаҳои таълимии рақамҳои 5, 7, 9, 10 ва 19-и ноҳияи Муъминобод ба соли нави таҳсил шинос шуд. Зимни шиносоӣ аз муассисаҳои мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз ҷониби Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) сохтмони 10 синфхона барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №9 деҳаи Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ба анҷом расида, муҷаҳҳазгардонии муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ идома дошта, дар назар аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ он ба истифода дода шавад.

Дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд дар ноҳияи Муъминобод сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №5 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангдара, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №7-и деҳаи Туту ва сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №10 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Бӯстон ба рӯйхати иншооти сохташаванда ворид карда шудааст.

Вазири маориф ва илми мамлакат дар доираи боздид аз муассисаҳои таълимии номбурда бо омӯзгорону кормандони муассисаҳо вохӯрӣ намуда, доир ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф, риояи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мусоидат намудан дар самти пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ сухан кард.

Номбурда аз ҷумла иброз дошт, ки бояд заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ самаранок истифода шуда, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва ҳамкории волидайн бо мактабу омӯзгор дуруст ба роҳ монда шавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво