26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хуҷанд пас аз навсозӣ яке аз калонтарин кӯдакистонҳо дубора фаъол мегардад

374
Ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Суғд бунёду таъмир ва навсозии беш аз 510 иншооти гуногуни дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин самт имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.

Яке аз чунин иншооти ҷашнӣ кӯдакистони №35 мебошад, ки бинобар ниёз ба таҷдиду навсозӣ доштан қариб 20 сол инҷониб фаъолият надошт.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, кӯдакистони мазкур дар яке аз маҳаллаҳои сераҳолитарини шаҳр-қасабаи 13-ум ҷойгир буда, он барои 320 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардидааст. Алҳол тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар 5 бинои ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ, чун ҶДММ «Муҳандис» ва ҶДММ «Юсуф 2016» корҳои сохтмонӣ бо харҷи лоиҳавии 9 миллион сомонӣ оғоз гардида, фармоишгари сохтмон идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Зимни навсозии кӯдакистон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ тамоми имконоти инфрасохтори муосир ба назари эътибор гирифта шуда, масъулини Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзили соҳили рост»-и шаҳр бобати обод гардонидани ҳудуди муассисаи таълимӣ, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо дар ин мавзеъ ва инчунин ороиши биноҳои баландошёнаи атрофи кӯдакистон вазифадор гардидаанд.

Ҳамзамон ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳр давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар асоси 98 банди нақшаи чорабинӣ корҳои бунёду таъмирӣ амалӣ гардида, аз ҷумла, 6 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 3 муассисаи ташхисию табобатӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 расадхона, 5 маркази хизматрасонӣ, 8 бинои истиқоматии баландошёна ва зиёда аз 106 нуқтаи савдою хизматрасонӣ ва дигар иншооти гуногун ба маблағи 135 миллиону 152 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар ин замина 650 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Дар ин давра ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 171,7 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 149,6 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шудаанд. Ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода додашуда аз ҳамаи сарчашмаҳо 105,3 млн. сомониро ташкил дода, аз тарафи корхонаҳои пудратӣ ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашуда 116,6 млн. сомониро ташкил кардааст.

Ёдовар бояд шуд, ки айни ҳол дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд 46 кӯдакистони давлатию хусусӣ фаъолият дошта, дар он 8 ҳазору 226 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво