29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Истиқлол ба муносибати 30-солагии Истиқлолият корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд мешаванд

676
Дар шашмоҳаи дуюми соли равон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ду кӯдакистон ба истифода дода мешаванд. Ҳоло дар доираи иҷрои Барномаи ташаккули муассисаҳои томактабӣ дар кӯдакистони №8-и шаҳр, ки барои фарогирии 300 нафар кӯдакон пешбинӣ гардидааст, корҳои таъмиру навсозӣ ҷараён дошта, дар назар аст он аввали моҳи сентябр ба фаъолият шурӯъ намояд.

Ҳамзамон аз ҷониби Ширкати саноати кӯҳии «Тоҷикистону Хитой» низ як адад кӯдакистони нав барои 360 нафар тарбиятгиранда то охири соли равон ба истифода дода мешавад.

Ин матлабро раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода зимни баргузории нишасти хабарӣ 24 июл дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баён дошт.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», раиси шаҳр ҳамзамон зикр намуд, ки тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соли равон дар маҳаллаи Меҳнатобод сохтмони мактаби шакли нав бо фарогирии 350 хонанда ба нақша гирифта шудааст. Дар айни замон барои бунёди мактаб қитъаи замин ҷудо гардида, корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.

Вобаста ба таъминоти хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабӣ барои соли хониши 2018-2019 гуфта шуд, ки аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳр ва 6 муассисаи таълимӣ бо КВД «Нури Ховар» барои омода намудани 1500 адад либоси мактабӣ шартнома баста шудааст.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки яке аз масъалаҳои асосии шаҳр- ин таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ба ҳисоб рафта, ҳоло дар ин самт дар шаҳр дар асоси созишномаи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд лоиҳаи инвеститсионии барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.

Дар нишаст дар масъалаи норасоии мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодии шаҳр гуфта шуд, ки имрӯз бештар мутахассисони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла духтурони тибби оилавӣ, сироятшинос, ҷарроҳ, равоншинос, дандонпизишк, духтур-озмоишгар намерасанд.

Ба иттилои раиси шаҳр, моҳи сентябри соли 2018 ба таъсиси шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) 80 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамроҳ бо соҳибкорони маҳаллӣ тасмим доранд дар самти ободонӣ, таъмиру навсозӣ бештар саъю кӯшиш намуда, чанд иншооти иҷтимоӣ, чун сохтмони майдончаҳои варзишӣ, навсозии боғи фарҳангию истироҳатӣ ва варзишгоҳи марказии шаҳрро ба роҳ монанд.

Инчунин баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр бунёду навсозии беш аз 15 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво