7 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар Зафаробод бинои Қасри фарҳанг ва Боғи фарҳангию фароғатӣ навсозӣ мегарданд

640
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Вусъати ин қабил корҳои ободкорӣ дар қатори дигар минтақаҳои мамлакат дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд низ баръало эҳсос мегардад.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод иттилоъ доданд, ки имрӯзҳо дар ноҳия бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни хотирмони миллӣ тибқи нақша бунёду таъмир ва навсозии даҳҳо иншооти гуногун роҳандозӣ гардида истодаанд.

Аз ҷумла, яке аз ин гуна иншоот бинои Қасри фарҳанги ноҳия мебошад, ки соли 1971 бунёд гардида, ҳоло дар он корҳои бунёдкорӣ оғоз ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд бинои Қасри фарҳанг ҳанӯз соли 2015 қисман таъмир гардида бошад ҳам, айни замон он ба таъмири куллӣ ниёз дорад. Алҳол дар ин иншооти фарҳангӣ 12 нафар фаъолият дошта, 9 маҳфили гуногун амал менамояд. Дар бинои қаср — бахши фарҳанг, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, ансамбли шашмақомсароёни «Навои дил», ансамбли халқии тарона ва рақси «Зафар» ва осорхонаи таърихии ноҳия фаъолият бурда, толори қасри фарҳанг барои 487 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Масоҳати бино 3200 метри мураббаъ буда, дар маҷмӯъ майдони атроф ва пайроҳаҳо 0,90 гектарро дар бар мегирад.

Иншооти дигаре, ки дар ноҳия ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта мешавад, ин Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия мебошад. Он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятӣ навсозӣ карда шуда, ба макони хушманзар, истироҳату фароғати сокинон табдил хоҳад гашт.

Ба иттилои масъулини мақомоти ноҳия, майдони умумии Боғи фароғатӣ — фарҳангӣ 8,3 гектарро ташкил дода, он дар мувозинаи бахши фарҳанги ноҳия қарор дорад. Он барои нигоҳубин ва обёрӣ намудан ба Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Зафаробод вобаста карда шудааст. Дар боғи мазкур муҷассамаи фотеҳони Мирзочӯл қомат афрохта, атрофи онро дарахтони ҳамешасабз ороиш додаанд. Дар майдони боғ зиёда аз 730 адад дарахтони ороишӣ, сояафкан, ҳамешасабз ва мевадиҳанда мавҷуданд.

Ҳамзамон дар маркази ноҳия — ҷамоати шаҳраки Зафаробод дар масоҳати 0,23 га сохтмони кӯдакистони хусусӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо маром ҷараён дорад. Кӯдакистон бо тарзу усули меъмории замонавӣ барои 100 нафар кӯдак бо ташкили 4 гурӯҳ сохта шуда, таълим дар ин гурӯҳҳо бештар ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ равона карда мешавад.

Дар маҷмӯъ, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия қариб 400 иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва таъмиру навсозӣ мегарданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво