19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соли 2020 дар Хуҷанд 10 корхонаи истеҳсолӣ бунёд мешаванд

364
Бо мақсади таҷлили пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд силсилаи корҳои созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза мегиранд. Дар маҷмӯъ соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 280 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Роҳбарияти шаҳр ба раванди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ таваҷҷуҳ ва тақвияти бештар дода, дар ин самт бо истифода аз тамоми имконоту захираҳо бо маблағгузории давлатию бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Дар соли 2019 ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 311 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дода, ба маблағи 215 миллиону 500 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба соли 2018 мутаносибан 18,1 ва 4,6 дар сад зиёд мебошад. Илова бар ин, ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашудаи корхонаҳои пудратӣ ба 188 миллиону 800 ҳазор сомонӣ расидааст.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар соли 2020 бунёди 10 корхонаи истеҳсолӣ ва як қатор иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво