Дар Кӯшониён соҳибкорон 3 пулро таъмиру барқарор карданд
250
Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Кӯшониён соли равон аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 450,5 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 10 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Соҳибкорон низ дар таъмиру навсозии роҳҳои мошингард ва пиёдароҳҳои ноҳия саҳми намоён гузоштанд. Онҳо 0,27 километр роҳро ба маблағи 296 ҳазор сомонӣ таъмир, 3,96 километри дигарро ба маблағи 31 ҳазор сомонӣ сангфарш намуда, як адад лӯла ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ шинониданд ва 3 пулро ба маблағи 24 ҳазор сомонӣ таъмиру барқарор карданд. Ба масофаи зарурӣ пиёдароҳҳоро низ таъмиру навсозӣ намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дарозии роҳҳои ноҳияро 231,9 километр ташкил дода, 34,8 километри он дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд. 18,7 километр роҳҳои мошингарди ноҳия дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буда, роҳҳои маҳаллӣ 178,4 километрро ташкил медиҳанд. Айни замон бунёду навсозии роҳҳои мошингард дар деҳоти ноҳия идома доранд. Мавриди зикр аст, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтӣ ба нақша гирифта шудааст дар маркази ноҳияи Кӯшониён як бинои баланди ҳафтошёна ва ду бинои панҷошёна мавриди истифода қарор дода шаванд. Бинои 7 ошёна бо харҷи 11 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ бунёд хоҳад шуд. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар бинои ҳафтошёна оғоз гардидааст. Сохтмони ду панҷошёна низ дар ноҳия аз ҷониби соҳибкор ба нақша гирифта шуда, дар бунёди ҳарду бино 18 миллион сомонӣ харҷ хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ба таври шоиста истиқбол гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бунёд ва навсозии 337 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Дар се моҳи охири соли равон теъдоди иншооти ҷашнӣ 13 адад афзуд. Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ соли 2018-ум 31 адад, соли 2019-ум 108 ва дар нуҳ моҳи соли равон 81 бино сохта, ба истифода дода шуд, ки 65,3 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2016 – 2020» корҳои зиёде ба сомон расонда шуд, ки ин ба таъмини рушди устувори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар асоси коркарди саноатии ашёи хоми маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум мусоидат намуд. Барномаи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ самтҳои афзалиятнок ва сиёсати ояндаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияро барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд. Ба ин барнома 217 лоиҳа бо маблағи умумии 248 миллиону 806 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки аз ин 70 лоиҳа ба маблағи 100 миллиону 245 ҳазор сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 94 лоиҳа ба маблағи 74 миллиону 475 ҳазор сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 36 лоиҳа ба маблағи 59 миллиону 63 ҳазор сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 10 лоиҳа ба маблағи 12 миллиону 31 ҳазор сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода ва 7 лоиҳа ба маблағи 2 миллиону 713 ҳазор сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ рост меояд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |