24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Роғун 12 иншооти дорои аҳамияти маҳаллӣ ба истифода дода мешаванд

407
Дар арафаи ҷашни 28 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Роғун ба истифодадиҳии 12 иншоот дар назар аст. Аз ҷумла, бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун, маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва чойхонаи миллӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба ҳусни ноҳия шукӯҳи хосса зам менамоянд. Дар ин бора раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамзамон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Роғун 90 иншоот бунёд мегарданд. Аз ин шумора то имрӯз 55 адад иншоот, аз қабили мағоза ва тарабхонаи замонавӣ ба маблағи 428 ҳазор сомонӣ, нуқтаи фурӯши доруворӣ ба маблағи 185 ҳазор сомонӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ба маблағи 914 ҳазор сомонӣ, бинои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва ду адад истгоҳи замонавӣ ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ба истифода дода шудаанд.

Ҳамчунин баҳри зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодии мамлакат то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар асоси нақшаи таҳиягардида 7 адад корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво