26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад

279
9 декабр дар Душанбе оид ба имконияту захираҳои сайёҳии Тоҷикистон баргузории намоишгоҳ дар назар дошта шудааст. Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ассотсиатсияҳои хизматрасонии маҳсулоти сайёҳӣ имкониятҳои сайёҳии мамлакатро муаррифӣ менамоянд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ, ҷалби васеи мардум ба сайру саёҳат, беҳтар намудани тарзи ҳаёти солим тавассути саёҳат, огоҳии комил пайдо кардани аҳолӣ аз таъриху фарҳанг ва дар заминаи он баланд бардоштани худшиносии миллӣ мебошад.

Ҳамзамон тавсеаи ҳамкории судманд байни вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ дар самти татбиқи самараноки Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳадафҳои дигари намоишгоҳи имконияти сайёҳӣ мебошад. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ дар радифи имконияти сайёҳии мамлакат, ҳамзамон акси манзараҳои ҷолиби табиати Тоҷикистон ва армуғонҳо, ки маҳсули дастони ҳунармандони тоҷик мебошанд, ба тамошо гузошта шаванд.

Инчунин дар доираи намоишгоҳ баргузории ҳамоиш дар назар аст, ки дар он масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон матраҳ хоҳанд гашт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво