26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТОҶИКИСТОН-2019». Дар Душанбе бори аввал Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад

489
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аз 8 то 10 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» баргузор мегардад.
Дар кори Форум ва Намоишгоҳ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти соҳавии кишварҳои ҳамшарик, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва коршиносони дохилию байналмилалӣ ширкат меварзанд.

Ҳадафҳои Форум ва Намоишгоҳ муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, баимзорасонии созишномаҳо ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа мебошад.

Пас аз қисмати ифтитоҳӣ ҳамоиш кори худро дар чор панел дар мавзӯъҳои алоҳида идома медиҳад. Аз ҷумла, панели якум дар мавзӯи «Ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, сайёҳӣ – омили муҳими густариши робитаҳо», ки дар он масъалаҳои кушода будани дарҳои Тоҷикистон барои сармоягузороне, ки ба соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохтори он таваҷҷуҳ доранд, баррасӣ мешаванд. Ҳамзамон муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории самти сайёҳӣ, тадбирҳо барои беҳтар кардани инфрасохтор ва хизматрасонии соҳа, ҳамкории минтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар сатҳи деҳот ва мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ, имтиёзҳои андозию гумрукии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима мегарданд.

Мавзӯи ҷаласаи панели дуюм «Сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва фарҳангию-таърихӣ» мебошад. Дар он масъалаҳои мусоидат дар рушди бемайлони сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва фарҳангию таърихӣ, имкониятҳо барои густариши сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон, мушкилоти ҷойдошта дар рушди сайёҳии экологӣ, иқтидорҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон, гуногунии биологии табиат ва иқлими Тоҷикистон, рушди инфрасохтори сайёҳати кӯҳӣ ва экологӣ муҳокима хоҳанд шуд.

Ҷаласаи панели сеюм ба мавзӯи «Сайёҳии табобатӣ, солимгардонӣ ва рекреатсионӣ» бахшида шуда, дар он масъалаҳои истифодаи самараноки обҳои минералӣ ва шифобахш, гиёҳҳо ва иқтидорҳои табобатии мамлакат, муаррифии пурраи саёҳати табобатӣ ва нишондодҳои осоишгоҳҳои кишвар, роҳҳои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба саёҳати табобатӣ дар Тоҷикистон, сарчашмаҳои тиббӣ — табобатӣ дар Тоҷикистон (иқлим, чашмаҳои обҳои маъданӣ, лойи шифобахш, гиёҳҳои шифобахш ва тибби муосир) мавриди баррасию омӯзиш қарор дода мешаванд.

Кори ҷаласаи панели чорум дар мавзӯи «Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пайомадҳои иқтисодии он» буда, дар он масъалаҳои дастгириҳои давлатӣ дар самти рушди ҳунармандӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, армуғонҳои сайёҳӣ омили муаррифи фаранг ва тамаддун, ҳунармандӣ омили ба шуғл фаро гирифтани аҳолии деҳот ва дарёфти бозорҳои байналмилалӣ барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ баррасӣ хоҳанд гардид.

Дар доираи Форум Намоишгоҳи имкониятҳои сайёҳӣ ва армуғонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Макони намоишгоҳ бо усулҳои хоси миллӣ ва муосир оро дода шуда, қабл аз як моҳ иштироккунандагон дархостҳои худро барои ташкили гӯша пешниҳод намуда буданд.

Дар доираи намоишгоҳ фурӯши озоди бастаҳои сайёҳӣ, армуғонҳои сайёҳӣ ва барои гуфтушунидҳои тарафайн шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии табобатию экологӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, арзёбии сафар ва саёҳат ба Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин таҳким ва банақшагирии ҳамкории муштарак байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.

Ҳамчунин барои иштирокчиёни Форум ва Намоишгоҳи байналмилалӣ инфо-тур аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Баргузории ин Форум ба рушди босуръати сайёҳӣ дар кишвар кумак хоҳад намуд ва ҳамчун бренди сайёҳӣ дар солҳои минбаъда ба ҳукми анъана медарояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки таваҷҷуҳи сармоягузорон ва ширкатҳои байналмилалии марбута дар бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Натиҷаҳо нишон доданд, ки ин гуна форумҳо табодули таҷрибаро дар бахши сайёҳӣ бештар намуда, ҳамзамон имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ месозанд, доираи ҳамкориро бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои марбутаи байналмилалӣ тавсеа мебахшанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи натиҷаҳои соли 2018 Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд.

Дар шаш моҳи соли 2019 ба ҷумҳурӣ 604144 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ворид гардидаанд, ки аз ин нишондод 550325 нафарашон ҳамчун сайёҳ арзёбӣ мегарданд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда қариб 25% зиёд аст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво