29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муаррифии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии амрикоӣ

879
Муаррифии  Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии амрикоӣБо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ вохӯрии ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо Президенти ширкати амрикоии “Rovia” (Ровиа) Ҷим Менҷ баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Кумита Ширин Амонзода вобаста ба дастгирии давлатии бахши сайёҳӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ва пешниҳоди имтиёзҳо сухан гуфта, омодагии ширкатҳои сайёҳиро барои ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ бо ширкатҳои амрикоӣ барои тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ иброз намуд.

Президенти ширкати амрикоии “Rovia” зикр намуд, ки барои ҳамкории мутақобилан судманд бо ширкатҳои сайёҳии тоҷикистонӣ омода буда, ҷиҳати ҷалби васеи сайёҳони кишвари Амрико ба ин сарзамини биҳиштосо кӯшиш менамояд.

Қобили зикр аст, ки “Rovia” яке аз ширкатҳои сафарии пешқадами саноатӣ ва таъминкунандаи хизматрасонии маҷмӯӣ, пешниҳодҳои калидӣ барои шарикони тиҷоратӣ ва ширкатҳои сайёҳии аъзо мебошад. Инчунин ширкат тавассути шабакаҳои васеи шарикони асосӣ сафарҳои омӯзиширо барои истироҳат дар саросари ҷаҳон пешниҳод менамояд.

Иқтидори ширкат хеле бузург буда, соли 2016 бо ташкили 6000 сафар ва хизматрасонӣ ба 800 000 мусофир, инчунин гурӯҳҳоро ба 80 мамлакати дунё ва мусофиронро ба 170 давлати ҷаҳон равона намудааст.

Дар вохӯрӣ захира ва имкониятҳои сайёҳии мамлакат аз тариқи муаррифӣ ва роликҳои таблиғотӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои бузурги сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ ва шикории Ватанамонро муаррифӣ намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво