20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг боздид намуданд

450
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳ гӯшаи имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Ховалинг, харитаи хатсайри сайёҳии он бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид.

Инчунин дар намоишгоҳ лоиҳаи Консепсияи рушди сайёҳии ноҳия барои солҳои 2019-2025, аз ҷумла «Эко-туризм дар Ховалинг» таҳия шудааст, ки дар он маълумот оид ба мавзеъҳои таърихӣ ва табиати дилангези ин ноҳия ҷой дода шудааст.

Ховалинг, ки маркази сайёҳӣ ва яке аз гӯшаҳои бостонӣ ва зебои табиати Тоҷикистон аст, боигариҳои табиию таърихӣ ва фарҳангии он дар намоишгоҳи мазкур ба таври васеъ муаррифӣ гардиданд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар ноҳияи Ховалинг касбу ҳунарҳои зиёди мардумӣ, аз қабили заргарӣ, оҳангарӣ, чармгарӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, қамчинбофӣ, намадбофӣ, сабадбофӣ, рафидадӯзӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ эҳё ва густариш ёфтааст, ки намунаҳои маҳсули дастранҷи мардуми он дар ҳар як гӯшаи намоишгоҳ ба тамошо гузошта шуда буд.

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин аз ҷониби кадбонуҳои ноҳия даҳҳо навъи нонҳои миллӣ, аз ҷумла чапотӣ, фатир, кулча, қалама, гирдача, орзуқ, чагалдак, таомҳои миллӣ, аз қабили умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шӯла, ширбиринҷ бо маҳорати нотакрор ва ҳунари волои миллӣ омода ва дар ин намоишгоҳ пешкаш гардид.

Намоишгоҳро дастовардҳои ҳунармандони чирадасти ноҳияи мазкур ҷаззобу диданӣ гардонид, ки ин раванд шаҳодат аз таърихи қадимаи ин гӯшаи зебоманзари диёр медод.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба маҳсули офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати кадбонугии занону духтарони ноҳияи Ховалинг, ҷараёни омода намудани таомҳои миллӣ ва нонпазӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои хоси миллӣ ва тарғиби онҳо дар миёни ҷомеа ҳидоят намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво