20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Маҷлиси намояндагон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷашнӣ доир шуд

231
Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ- ин иди фархунда ва изҳори эҳтирому қадршиносӣ ба ин рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «Парчам барои ҳар миллат рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ифтихору ғурурӣ миллӣ мебошад. Аз ин хотир мардуми шарифи Тоҷикистон ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии муттаҳидкунанда арҷ мегузоранд».

Зикр шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол дар вазъияти басо ҳассос ва мураккаби сиёсӣ қабул гардидааст. Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор намуда, ба саҳнаи сиёсӣ сиёсатмадори даврони нав, сарвари оқилу ҷасур ва ватандори асилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард, ки он кас Тоҷикистонро на танҳо аз вартаи нобудшавӣ раҳониданд, балки масири рушди босуботи ояндаро муайян ва ба тарҳи зиндагии шоистаи минбаъдаи мардум заминаҳои боэътимод гузоштанд.

24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва бо ҳамин давлати мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии соҳибистиқлолӣ гардид.

Ҳамин тавр бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 ноябри соли 2009 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, ҳамасола таҷлил мегардад.

Зимни ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қосим Қодир ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ роҷеъ ба Рӯзи Парчами давлатӣ, нақш ва моҳияти он дар ҳаёти ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сухан гуфтанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво