29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Маҷлиси намояндагон дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 баррасӣ гардид

199
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ва лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мутобиқ намудан ба талаботи имлои забони тоҷикӣ таҳия гардидааст.

Зимни баррасии лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат иброз гардид, ки Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлатро барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.

Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи зикргардида нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои худ мебошад, ки он тавассути истифодаи механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ барои пешгирии фишороварии омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо амалӣ мегардад.

Идома додани ислоҳот дар самти тақвият додани сиёсати пулию қарзӣ бо мақсади нигоҳдории сатҳи таваррум, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад, пешбинӣ шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво