6 декабр 2021, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

393
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 ноябри соли 2019 ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии тантанавӣ бо ба таври зинда қироат намудани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин чорабинии ҷашнӣ роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ иштирок намуданд.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода ҳамаи кормандонро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як рамзи давлатӣ ва нишонаҳои асосии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатдории тоҷикон арзёбӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо талош ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Зеро Парчам барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши хеле бузург дошта, далели давлати соҳибихтиёри тоҷикон аст ва хушбахтона, имрӯз кулли сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба ин рукни муҳими давлатдорӣ эҳтироми хоса доранд. Дар баробари Нишон, Артиш ва пули миллӣ Парчам низ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои давлатдорист. Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию моддии миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон буда, дар худ тамоми арзишҳои милливу мазҳабиамонро таҷассум намудааст.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъдан муовини Раиси Кумита Раҳматуллозода Шаҳноз Ибодулло кормандони Кумитаро бо ин санаи фархунда - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар назди ҳозирин оид ба таърихи пайдоиши Парчам, моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон суханронӣ намуд.

Мақсади баргузории маҷлиси тантанавӣ арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бахшида шудааст.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво