12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуданд

356
Баъди таътили тобистона вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуданд. Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

«Айни замон дар нуҳ кумита — оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, иқтисод ва молия, масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва се комиссияи доимии вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои қонунҳоро ҳамаҷониба омӯхта, ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки ҳар ҳафта рӯзи душанбе баргузор мегардад, пешниҳод менамоянд», -афзуд Муҳамадато Султонов.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво