7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба Қонун «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» тағйирот ворид мегардад

696
4 феврал таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласа лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ«Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ба иттилои манбаъ, масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласаро ба аъзои Шӯро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода муаррифӣ намуда, гуфт, ки «лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва мутобиқ намудани он ба талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин такмил додани меъёрҳои Қонуни амалкунанда, ворид намудани тағйироти имлоӣ ва таҳрирӣ ба баъзе моддаҳо ва сархатҳо таҳия гардидааст»

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ намуда, иброз дошт, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани муқаррароти он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

«Зимни баррасии масъалаи сеюм зикр гардид, ки он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат 26 декабри соли 2018 баён доштанд, таҳия гардидааст», — илова намуд манбаъ.

Дар ҷаласаи Шӯро зикр гардид, ки масъалаҳои баррасигардида барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво