7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Номзадии Рустами Эмомалӣ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид

490
Имрӯз дар Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ номзадии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Конференсияи мазкур дар толори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, раиси Комиссияи ҳавзаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, раиси Комисиссияи ҳавзаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вакилони конференсия, намояндагони ВАО ва нашрияҳои ҳизбӣ иштирок доштанд.

Дар кори конференсия масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамин тавр, аз рӯи ҳарду масъала номзадҳо бо тарафдории вакилони конференсия ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 1 марти соли 2020 таъйин шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво