22 апрел 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи сохтмонӣ дар Душанбе

1545
Имрӯз бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати намоишгоҳии «Тоҷ ЭКСПО» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и ш. Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ (International Exhibition of Building and Decorating materials) баргузор гардид.
Намоишгоҳи мазкурро муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Манзура Рустамова ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки: «Хусусияти асосии ин намоишгоҳ дар он аст, ки он на танҳо ҳолати рушди соҳаҳои сохтмониро дар шароити ҳозиразамон иникос менамояд, балки ояндаи рушди ҳамкории мутақобиларо дар доираи васеи ҷаҳонӣ муайян менамояд».
Инчунин номбурда зикр кард, ки «Дар кишварамон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ: Суғд, Данғара, Панҷ ва Ишкошим фаъолият мекунанд, ки бо истифода аз имтиёзҳои муқарраргардидаи онҳо шумо метавонед ҳамкорӣ намоед».
Ёдовар мешавем, ки дар намоишгоҳ 35 ширкати сохтмонӣ аз кишварҳои Олмон, Италия, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Украина, Туркия ва чандин кишварҳои дигар молҳои худро ба намоиш гузоштаанд.
Намоишгоҳи мазкур имрӯз оғоз гардида, то 30 апрел идома меёбад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво