20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муаррифии ҳунармандони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии “Амбиенте- 2016”-и Олмон

1560
— Рӯзҳои 12-16 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Франкфурти Олмон Намоишгоҳи байналмилалии молҳои ҳунармандӣ “Амбиенте- 2016” баргузор гардид. Ҳамасола дар ин намоишгоҳ зиёда аз панҷ ҳазор ширкати беш аз 90 кишвари олам, инчунин тақрибан 15 ҳазор меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Соли дуввум аст, ки ширкатҳои ватанӣ дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ ширкат варзида, маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро ба маърази тамошо мегузоранд. Имсол Иттиҳодияи ҳунармандони Тоҷикистон, ширкати “Рухом”, бахши ҳунармандии Иттиҳоди сайёҳии водии Зарафшон “Армуғон”, ширкати “Ҷаҳоннек” бо мусоидати Маркази тиҷоратии байналмилалӣ Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи молҳои ҳунармандӣ бомуваффақият намояндагӣ карданд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар ҷараёни кори намоишгоҳ иштирок намуда, чанд мулоқоти корӣ анҷом дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво