19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳамкорӣ ба хотири фардо

1283
Рӯзҳои 16-18- уми март дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» сеюмин намоишгоҳи байналмиллалии сохтмонӣ ва нерӯи барқ доир гардид. Дар намоиши мазкур калонтарин ширкатҳои мамлакатҳои Дания, Олмон, Юнон, Эрон, Кореяи шимолӣ, Испания, Туркия, Лаҳистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Ўзбекистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намоиш тӯли 3 рӯз идома ёфта, ширкатҳои «Воллерт Анлагенбау», «Тиккурила», «Тансу», «Технохим», «Катари диар», «Сабо С.А», «Пеноплекс», «Новый Свет», «Клингспор» ва дигар ширкатҳои калонтарин маҳсулоти истеҳсолкардаи худро пешкаши мизоҷон гардонданд.

Ширкати дорои масъулияташ маҳдуди «Алюгал», ки ба ҳайати «Galaksi group» дохил мешавад, фаъолияти худро аз соли 2002 оғоз намудааст ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз аввалин корхонаҳо оид ба истеҳсоли профилҳои алюминии аълосифати сохтмонӣ фаъолият карда истодааст. Ширкат на танҳо ба истеҳсол ва фурӯши профилҳо машғул аст, балки барои тавлиди дару тирезаҳо, девораҳои дохилӣ, шишабандӣ ва рӯкашнамоии биноҳо маҳсулоти профили худро таҳия менамояд.

Ширкати Galaksi яке аз калонтарин ширкатҳо дар Осиёи Миёна мебошад. Оид ба фаъолияти он Умарбек Илёсов - намояндаи ширкати Galaksi дар Тоҷикистон ба мо иттилоъ дод. Galaksi яке аз калонтарин истеҳсолкунандаи профилҳои поливинхлорид ва тирезаҳо бо нишони тиҷории «galwin» ва қубурҳои пластикӣ мебошад. Ширкати мазкур соли 1993 дар Қазоқистон таъсис ёфтааст. Дар Тоҷикистон ҶДММ «Сомон пласт» бо ин ширкат ҳамкории зич дорад.

Ҳамкорӣ ба хотири фардо Ҳамкорӣ ба хотири фардо

Ҳамзамон, ҶДММ «Зебокор» маҳсулоти худро ба намоиш гузоштааст. А.Хуҷаназаров-намояндаи ҶДММ «Зебокор» иброз дошт, ки «Зебокор» аввалин ширкати истеҳсолкунандаи ватании дару тирезаҳо буда, дорои доираи пурраи истеҳсолот ва таҷҳизоти баландсифати аврупоӣ мебошад. Ширкати мазкур кафолати сифати баланди маҳсулот, истеҳсолоти калон ва мӯҳлати камтарини тайёр намудани фармоишотро дорад. Шаҳрвандон имкон доранд, ки навъҳои гуногуни мебел барои хона, корхона, ошхона ва таҷҳизоти тиҷоратиро фармоиш дода, дар муддати кӯтоҳ дастрас намоянд.

- Албатта, мақсад аз баргузории намоиш ин ҳамкории ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ба хотири рушду тараққиёти минбаъда ва ба намоиш гузоштани маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои калонтарини сохтмонӣ мебошад, гуфт дар фарҷоми сӯҳбат А.Хуҷаназаров.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво