26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»: дар 26 деҳа иншооти инфрасохторӣ бунёд гардид

356
Бо мақсади баланд бардоштани саломатӣ ва маҳсулнокии чорво, пешгирӣ аз таназзули чарогоҳҳо ва беҳдошти муҳити зист дар доираи татбиқи Лоиҳа дар 26 деҳа иншооти инфрасохторӣ, аз ҷумла дар 3 деҳа пулҳои чорвогузар ва дар 22 деҳа хатҳои нуқтаҳои обнӯшӣ барои чорво, инчунин дар 1 деҳа ҳавзи шустушӯи чорво мавриди истифода қарор дода шуд. Ин нуктаро 29 июл зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода иброз намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон сохтмони 19 зерлоиҳаҳои инфрасохтори чарогоҳҳо, аз ҷумла 13 зерлоиҳа оид ба сохтмони хати оби нӯшокии чорво, 2 зерлоиҳа оид ба сохтмон ва барқарорсозии клиникаи байторӣ, 1 зерлоиҳа оид ба барқарорсозии роҳи чорвогузар, 1 зерлоиҳа оид ба сохтмони кашар дар чарогоҳҳо, 2 зерлоиҳа оид ба сохтмони кӯпруки чорвогузар тибқи тартиби муқарраргардида оғоз гардид, ки дар муҳлатҳои муайяншуда барои истифода ба ҷамъиятҳо супорида мешаванд.

Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ ва бо усули табиӣ беҳтар намудани зоти чорвои аҳолӣ барои зимистонгузаронӣ ва дар ҳолати хуби репродуктивӣ нигоҳ доштани 1303 сар қучқори зоти «Ҳисорӣ» ба миқдори зарурӣ хӯроки консентратӣ барои баҳрагирандагон таъмин карда шуд.

Ҳамчунин бо мақсади зиёд намудани саршумори паррандаҳои хонагӣ, таъмини бозори маҳаллӣ бо гӯшти парҳезӣ, тухм, асал ва меваҳои хушк, инчунин зиёд намудани маҳсулоти дохилӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани занони ниёзманд дар доираи татбиқи Лоиҳа 109 гурӯҳи ташаккули фаъолияти даромадовар барои занон бо фарогирии 899 нафар занони эҳтиёҷманд дар самти занбӯрпарварӣ, парандапарварӣ, маркетинги шир, парвариш ва бастубанди хуч дастгирӣ шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво