26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар вилояти Суғд соли гузашта 102 корхонаву коргоҳи нав бунёд гардид

325
Соли 2019 дар вилояти Суғд 102 корхонаву коргоҳи нав бо фарогирии 1455 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12 миллиарду 888,3 миллион сомонӣ расонида шуд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли 2019 бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ таъсиси корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, дастгирии воқеии соҳибкорӣ,​ баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои дастӣ, рушди соҳаҳои маориф ва илм, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод.

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ дар вилоят 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидаст.

«Соли 2019 бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими 2471​ иншоот пешбинӣ шуда, дар амал аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон инчунин бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2666 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки 107,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил менамояд»,- иброз намуд Раҷаббой Аҳмадзода.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво