18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Боздиди Пешвои миллат аз намоиши дастовардҳои соҳаи чорводории мамлакат дар ноҳияи Варзоб

906
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши дастовардҳои соҳаи чорводории мамлакат иштирок намуд.
Намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида ҳадаф аз баргузории он муаррифии бештари дастовардҳои хоҷагиҳои чорводорӣ ва бо ин восита мусоидат ба таъмини сартосарии амнияти озуқаворӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи хушманзари ноҳияи Варзоб, ки намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ дар ин ҷо ташкил карда шудааст, бо дастовардҳои чорводорон ва занбури асалпарварони номдори шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуда, ба роҳу усулҳои парвариши чорво ва навгониҳои кори чорводорони мамлакат мароқи зиёд зоҳир кард.
Чорводорони шуҳратманди шаҳру ноҳияҳои мазкур дар ин рӯз намуду зотҳои гуногун ва дараҷаи элитаи гӯсфандон ва мешу қутосҳои зотҳои ҳисорию ҷойдорӣ ва зарафшониро ба мараз гузошта, баргузории чунин намоиши сатҳи баланди дастовардҳои чорводориро омили муҳими пешрафти ин соҳаи афзалиятнок дар мамлакат арзёбӣ намуданд.
Бояд таъкид кард, ки чорводорӣ аз бахшҳои муҳим ва сердаромади соҳаи кишоварзии мамлакат ба ҳисоб рафта дар сиёсати аграрии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.
Дастгирии пайваста ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овардааст, ки дастовардҳои соҳа дар зарфи 25 соли истиқлоли давлатӣ беҳтару хубтар гардида, чорводорӣ дар сартосари кишвар рушду тараққӣ ёбад.
Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ ва дастгириҳо аст, ки дар мамлакат нисбат ба соли 1991 саршумори чорвои калон ду миллиону дусаду нӯҳ ҳазор сар, аз он ҷумла модагов 1 млн 132 ҳазор сар, бузу гӯсфанд беш аз панҷ миллиону 279 ҳазор сар, асп 78,3 ҳазор сар зиёд шуда афзоиши саршумори чорвои калон 59 фоиз, аз он модагов 93,2 фоиз, бузу гӯсфанд 57,4 фоиз ва асп 49 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ низ афзоиш ёфта, танҳо дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 218 ҳазор тонна гӯшт, 889 ҳазор тонна шир ва 7 ҳазор тонна пашм истеҳсол гардидааст, ки нишондиҳандаҳои истеҳсоли гӯшт 134 ҳазор тонна, шир 713 ҳазор тонна ва пашм 4,4 ҳазор тонна нисбат ба соли 1996 зиёд мебошад.
Қутоспарварӣ низ дар мамлакат пайваста ривоҷ дода шуда, то имрӯз саршумори ин намуди чорвои калон дар ҷумҳурӣ ба 28 ҳазору 566 сар мерасад. Парвариши қутос бештар дар хоҷагиҳои қутоспарварии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳандозӣ шуда аз ҳисоби умумии саршумори он 25701 сар дар қаламрави ин вилоят парвариш меёбад
Дар намоиши чорводорони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо дастовардҳои занбури аслапарварони шаҳру ноҳияҳои номбаршуда ва тартиби дар шароити кӯҳсор истеҳсол намудани асал шинос шуда, аз намоиши марғзори Зиддӣ то Хоҷасангхок дидан кард.
Намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ дар партави иҷрои Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011-2016, қутоспарварӣ барои солҳои 2008-2015, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2008-2015 баргузор шуда, як навъ натиҷагирӣ аз рафти татбиқи ин барномаҳои давлатӣ дар мамлакат ба ҳисоб меравад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво