16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар Хатлону Рашт сохтмони мактабҳоро ба роҳ мондааст

731
Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) дар солҳои 2018-2020 фаъолияташро аз рӯи ду лоиҳа- «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» — марҳилаҳои се- чор ва Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» ба роҳ мондааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи БМИМТ Шералӣ Сиддиқзода иброз дошт.

Зикр гардид, ки мақсади асосии лоиҳаҳо беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, ба он 14 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва 3 ноҳияи минтақаи Рашт дохил мешаванд.

«Дар доираи татбиқи ин барномаҳо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои фарогир бо шабакаҳои мустақили гармидиҳӣ, неруи барқ, нуқтаҳои санитарии ба талабот ҷавобгӯ, мебели мустаҳками босифат, синфхонаҳои таълими меҳнат ҷиҳати тайёрии касбӣ таъмин мегарданд»,- афзуд Шералӣ Сиддиқзода.

Гуфта шуд, ки дар доираи барномаҳо аз рӯи марҳилаи 3–юм дар вилояти Хатлон сохтмони 17 бинои дуқабата ва дар марҳилаи 4-ум 14 бинои дуқабатаи иборат аз 8-10 синфхона ба истифода дода мешавад. Дар доираи татбиқи барномаи Рашт сохтмони 12 бинои таълимии дорои 8-10 синфхона дар назар дошта шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво