12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Бадахшон ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ 45 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

420
Дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла, дар маркази вилоят бинои театри вилоятӣ, як қисмати бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ба номи Сайфулло Абдуллоев, коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», иншооти варзишӣ дар маҳаллаи Тирчид ва ғайраҳо мавриди истифода қарор мегиранд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд, дар қаламрави вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ корҳои омодагӣ босуръат идома дошта, дар баробари ба истифода додани иншооти сохтмонаш анҷомёфта, санги асоси пули мошингард дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ, ки дарозии он бо эстакада 200 метрро ташкил медиҳад, гузошта мешавад.

Ин сеюмин пули мошингузар аст, ки ду соҳили дарёи Ғундро дар ҳудуди шаҳр ба ҳам мепайвандад ва мушкилоти тамбашавии нақлиётро дар маркази шаҳри Хоруғ аз миён мебардорад.

Боиси хушҳолист, ки Бадахшон рӯз то рӯз симояшро дигар карда, ба як гӯшаи зебову дилкушои Тоҷикистон табдил меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво