Бунёди иншоот бахшида ба 25- солагии истиклолият дар вилояти Хатлон
4865
Бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бунёди пули дарозиаш 130 метр, ки роҳи байни деҳаҳои Токак ва Даҳани шолро бо ҳам мепайвандад, ба истифода дода шуд. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ пули мазкур дар як муддати кӯтоҳ, яъне дар зарфи ду моҳ мавриди истифода қарор гирифт. Бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ имкон фароҳам шуд, ки пул дар муддати кӯтоҳ бо иқтидори вазнбардории қариб 4 тонна ва дарозии беш аз 100 метр аз нав барқарор шавад . Дар соли равон бо иқдоми ҳокимияти маҳаллӣ ва соҳибкорон барои аҳолӣ дар деҳаи Санги оғур дар болои дарёи Ёхсу бо паҳноии 3 ва дарозии беш аз 150 метр пул сохта шуд. Ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ховалинг бинои нави Нозироти андоз ба истифода дода шуд, ки иншооти мазкур аз 11 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, аз тарафи ташкилоти сохтмонии ҶДММ «Ранҷ» бо харҷи 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Дар доираи корҳои бунёдкорӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сохтмону ба истифода супоридани иншооти гуногун аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ҷараён дорад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |