8 октябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Санги асос барои бунёди бинои хонаи ақди никоҳ ва ансамбли рақсии «Зебо» дар Хуҷанд

1281
Ба истиқболи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дирӯз дар шаҳри Хуҷанд раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳудуди хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳр барои сохтмони бинои хонаи ақди никоҳ ва ансамбли рақсии «Зебо» санги асос гузошт.
Бунёди ин иншоот дар соли оила ва рушди фарҳанг рамзӣ буда, ба ҳусни шаҳри Хуҷанд ҳусни тоза зам мекунанд.
Бино соли оянда, дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлати мавриди истифода қарор гирифта, барои кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва фарҳанг туҳфаи арзанда хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 5457 метри квадратӣ ва масоҳати сохтмон 2365 метри квадратиро фаро мегирад. Дар ин ҷо хонаи акди никоҳ, ҳуҷраҳои хизматӣ, бойгонии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хобгоҳ барои аъзои ансамбли «Зебо», толори машқи рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва толори маҷлисиву консертӣ барои 380 ҷой сохта хоҳад шуд.
Сохтмони иншооти мазкур бо арзиши беш аз 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва соҳибкорон ба субут расонида шуда, дар сохтмони он соҳибкори инфиродӣ Замира Иброҳимова, ширкатҳои «Ветсервис» ва «Нанотех» саҳм мегузоранд.
Раиси вилоят кормандони сабти ҳолати шаҳрвандӣ ва аъзои ансамбли «Зебо» - ро, ки дар он 110 наврасу кӯдак аз ҳисоби писарону духтарон фаъолият мебаранд, бо ин рӯйдоди муҳим табрик гуфта, таъкид намуд, ки чунин иқдоми созанда маҳз ба туфайли Истиқлолият, ваҳдату ҳамдилии мардуми кишвар ва сиёсати ояндабини Сарвари давлат амалӣ мегарданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво