16 июл 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар маркази маъмурии ВМКБ корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

138
Дар доираи таҷлили сазовори 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва омодагӣ ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои ободонию созандагӣ авҷи тоза пайдо намудаанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, бо ибтикори Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати зебою назаррабо намудани кӯчаю хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангу фароғатии маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ корҳои шоиста ба сомон расонида мешаванд.

Дар ин рӯзҳо мутахассисони Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба васлу насби чарғакҳои раҳнамои аз кор бозмонда, рангу бор кардани гузаргоҳҳои пиёдагард, аломатҳои ишоратӣ ва хатҳои уфуқӣ машғул шуданд. Зеро аксар гузаргоҳҳои кӯчаю хиёбонҳо ва ҷодаҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Хоруғ бинобар сабаби боришоти аз меъёр зиёди барфи зимистони имсола хароб гардида, ба навсозӣ ниёзи бештар пайдо намудаанд.

Кормандони ҳамроҳ бо Муассисаи давлатии фаръии Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ ба таври шабонарӯзӣ ба барқарор кардани аломатҳои роҳ ва кашидани хатҳои уфуқӣ камари ҳиммат бастанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар маркази вилоят — шаҳри Хоруғ 21 хати уфуқии пиёдагузар аз нав барқарор гардида, 15 аломати дигари роҳ аз нав гузошта шуданд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво