20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Хоруғ сохтмони бинои 12 ошёна барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ босуръат идома дорад

515
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 500 иншооти иҷтимоию маишӣ ва хизматрасонӣ бунёд мегардад, ки айни ҳол дар онҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд.

Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ин гӯшаи диёр бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, Қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Дар маркази маъмурии ВМКБ — шаҳри Хоруғ 94 иншооти таъйиноти мухталиф бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар онҳо садҳо нафар бошандагони шаҳр бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, айни замон 70 фисади корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ — бинои Театри миллии шаҳри Хоруғ анҷом дода шуда, аз ҷониби сохтмончиён 15 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

То ба имрӯз дар корҳои сохтмонии бинои театри мазкур 80 нафар сокинони махаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Аз рӯи тарҳи меъмории театр бинои он аз чор ошёна иборат буда, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюм ҷараён доранд. Қисмати сохтмончиён ба насб ва рангуборкунӣ машғул буда, қисмати дигар дар ҷараёни андовакунии бино ҳисса гузошта истодаанд.

Тибқи нақшаи таҳрезигардида, сохтмони бинои театр барои 10 ҳазор нафар ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, дорои таваққуфгоҳ низ мебошад.

Дар шафати сероҳаи шаҳри Хоруғ сохтмони бинои 12 ошёна барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз шуда, дар қисматҳои якум ва дуюми бино аллакай кор бо самти муайян ва ҷалби қувваи кории беш аз 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ рафта истодааст.

Инчунин корҳои сохтмонӣ дар бинои 5 қабатаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ то 60 фоиз ба итмом расонида шудааст. Алҳол корҳо дар ошёнаи 4-уми бино ҷараён дошта, бинокорон кӯшиш доранд, ки иншооти ҷашниро дар вақти муайянгардида ва бо сифати баланд ба истифода диҳанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ симои маркази вилоят-шаҳри Хоруғ боз ҳам назаррабо гардида, ин гӯшаи диёр ба нигини ҳақиқии Тоҷикистон мубаддал хоҳад гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво