26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Қазоқистон сиёсати муваффақонаи Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра мавриди омӯзиши илмӣ қарор мегирад

387
«Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» — таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон конференсияи илмию амалӣ доир мегардад. Дар он сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои муҳими сайёра, махсусан ташаббуси наҷиби ӯ дар самти таъмини оби ошомиданӣ мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, конференсия дар доираи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» аз ҷониби Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шудааст. Коршиносон, олимону муҳаққиқони тоҷику қазоқ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба норасоии оби ошомиданӣ, тағйирёбии иқлими сайёра ва Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 -2028»-ро аз нигоҳи илмӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш 9 нафар олимону коршиносони соҳа аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон намояндагӣ ва маърӯзаҳои илмӣ менамоянд.

Дирӯз ҳайати олимон ва муҳаққиқони тоҷик бо мақсади иштирок дар ин конференсияи илмию амалӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво