«Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масоили об» — монографияи нав![]() ![]() Муаллиф дар асоси омӯзиши сарчашмаҳо ва маълумоти илмӣ паҳлӯҳои мухталифи масъалаи глобалии об ва тағйирёбии иқлимро мавриди пажӯҳиш қарор дода, муҳимият ва саривақтӣ будани ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба ҳалли масоили об нишон додааст. Дар монография андешидани тадбирҳои мушаххас аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коҳиш додани хориҷшавии гази карбон ба ҳавои атмосфера ва ба ин васила пешгирӣ намудани обшавии пиряхҳо ба таври муфассал таҳқиқ гардидааст. М. Баҳромзода дар монографияи худ инчунин ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти экологии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз қабили хушкшавии баҳри Арал ва пайомадҳои он, истифодаи самараноки захираҳои оби минтақа барои бунёди неругоҳҳои барқӣ-обӣ, аз ҷумла, НБО-и «Роғун» низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Китоби мазкур барои мутахассисони соҳаи экология, сиёсат, журналистика ва ҳамаи онҳое, ки ба сиёсати экологии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои табиии он мароқ зоҳир мекунанд, тавсия дода мешавад.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |