29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар Қазоқистон мавриди омӯзиш қарор мегиранд

471
14 декабр бо ташаббуси намояндагии Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» конфронси илмӣ-амалӣ доир мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар конфронси мазкур олимон ва муҳаққиқони ҳарду давлат, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тоҷикони муқими Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Инчунин дар кори конфронс сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои муҳими сайёра мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирифта, андешаҳои коршиносон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи илмӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво