29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Об -маъною маъвои зиндагист» ҳамоиш доир гардид

504
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об, ки ҳамасола 22 март таҷлил мегардад ва ҷиҳати аз ҷониби СММ қабул гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028, бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Дар ҳамоиш устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндагон аз раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бахшҳои он аз шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Дар кори ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳо оид ба мавзӯъҳои манбаъҳои асосии таъминоти оби полезӣ дар вилояти Суғд, ҳолати санитарии иншооти обтаъминкунии вилоят, сарватҳои об ва мушкилоти истифодаи он дар вилоят, обтаъминкунии табиӣ ва ҷабҳаҳои истифодаи оқилонаи сарватҳои обии Тоҷикистони Шимолӣ ва имкониятҳои истифодаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон шунида шуданд.

Инчунин маърӯзачиён бо пуштибонӣ аз иқдоми навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули Қатъномаи мазкур, ки 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, онро чун ифтихори тоҷикистониён арзёбӣ намуданд. Онҳо ба иштирокдорони ҳамоиш муҳимияти ташаббусҳои обии Тоҷикистонро барои ҷаҳониён шарҳ доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво