26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Бӯстон даври аввали Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид

426
Дар шаҳри Бӯстон даври аввали Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон даври аввали Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид. Фестивали мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори раиси вилояти Суғд аз 22 августи соли 2019 баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории фестивали мазкур тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди соҳаи саноати сабук, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи намудҳои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ мебошад.

Фестивал аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин либоси қадима ва муосири кӯдакону наврасон», «Беҳтарин либос барои персонажҳои афсонавӣ», «Беҳтарин либосҳои рӯзмарраи духтарон ва занон», «Беҳтарин либос барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон», «Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси фароғатӣ» ва «Беҳтарин либос барои хона ва корхона» баргузор гардида, дар он зиёда аз 90 нафар кӯдакону духтарон ва бонувони касбу кори гуногун ширкат намуданд.
Дар шаҳри Бӯстон даври аввали Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид

Муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода оид ба моҳияти баргузории фестивал сухан гуфта, ба иштирокдорони фаъол сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд. Беҳтаринҳо барои иштирок дар даврии вилоятии Фестивал роҳхат гирифтанд.

Дар ҷараёни Фестивал ҳунармандони бахши фарҳанг бо пешниҳоди суруду тарона ва ҳунарнамоӣ табъи иштирокдоронро болида гардониданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво