19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Мо насли хушбахти замон».Таҳти ин унвон дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии наврасон доир мешавад

1279
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 30 майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» доир мегардад. Хамзамон иштирокчиёни фестивал дар барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ, ки 1 июн дар театри «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар бораи баргузории фестивали мазкур қарори дахлдори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» иштироки зиёда аз 200 нафар наврасон аз тамоми ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

«Иштирокчиёни фестивал аз маконҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе дидан намуда, дар бозиҳои варзишӣ аз қабили, футбол, волебол, баскетбол, шоҳмот, шашка ва ғайра ширкат меварзанд», — иттилоъ дод манбаъ.

Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намудааст, ки барои дар сатҳи баланд доир намудани фестивали мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво