23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Суғд Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад

566
Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» доир менамояд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, озмун аз рӯи бахшҳои беҳтарин либоси қадимаи чакан, беҳтарин либоси кӯдакона, беҳтарин либоси рӯзмарра, беҳтарин либоси маросимӣ ва идона, беҳтарин либоси расмӣ ва беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни Фестивал-озмун бояд дар либос ва сӯзанидӯзиҳо паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро кашф ва эҳё намоянд.

Довталабон бояд ҳангоми омодасозии либос аз матоъҳои якранг, атласу адрас ва алоча истифода бурда, дар он нақшу нигори миллии чакан ва гулдӯзиро таҷассум созанд. Ҳамчунин синни иштирокчиён то 40-сола муқаррар гардида, занону ҷавондухтарон барои иштирок дар Фестивал-озмуни вилоятӣ қабул карда мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво