29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷоизаи нахустини «Коса» ва «Суди девонагон»-и Театри давлатии Конибодом дар қораи Аврупо

993
Филми «Коса»- и «Суғдсинамо» ва намоишномаи «Суди девонагон»- и Театри давлатии Конибодом дар нахустин фестивали «OpenCentral Asia Internetional Arts», ки 5-9 ва 16-19 — уми октябр баргузор шуд, соҳиби ҷоизаҳо гаштанд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин фестивал Театри давлатии шаҳри Конибодом бо намоишномаи «Суди девонагон» муаррифӣ кард. Дар бахши намоиши театрҳо низ ҳунармандони тоҷик соҳиби ҷоиза гаштанд ва ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро Муҳидини Музаффар ба даст овард.
Бояд зикр намуд, ки намоишномаи мазкур аз рӯи ду асари Шекспир- «Шоҳ Лир» ва «Шоҳзода Ҳамлет» дар коргардонии Авлиёқулӣ Хӯҷақулӣ омода шудааст. Дар намоиши мазкур шоҳ Лирро Муҳиддини Музаффар, шоҳзода Ҳамлетро Фарҳод Ғаффорпур ва ширинкорро Ғайрати Қодир офаридаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво