26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Роғун Маркази таълимии рушди малакаҳо бунёд мегардад

377
Соли 2019 дар шаҳри Роғун аз ҷониби Бонки рушди Осиё як лоиҳаи калон тарҳрезӣ гардида, айни замон дар ҳоли таҳия қарор дорад. Лоиҳаи мазкур бо мақсади омода намудани мутахассисони варзида ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтмони Маркази таълимии рушди малакаҳоро дар ин шаҳр пешбинӣ намудааст. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов ба хабарнигори мо иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳа бо маблағи беш аз 9 млн доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои сохтмони бинои таълимии рушди малакаҳо, ки бо тамоми инфрасохтори зарурӣ аз ҷониби Бонки рушди Осиё сохта мешавад, 2 гектар замин ҷудо гардидааст.

Маълум аст, ки бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, рушд додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ барои пешрафти зиндагии шоистаи аҳолӣ замина мегузоранд. Ҳамзамон амалӣ гардидани лоиҳаҳои хурду бузург барои беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагонии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Дар айни замон корҳои лоиҳакашию меъмории маркази мазкур бо маром идома доранд. Ба истифода додани бинои марказ туҳфаи арзандае ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво