17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар деҳаи Ғурунги шаҳри Роғун барои 520 нафар хонанда мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд

634
Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Ғурунги ҷамоати шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 520 нафар хонанда ва Маркази хизматрасонии соҳибкор Аҳмадшо Нуров, ки аз сартарошхона, коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, нуқтаи таъмири нақлиёт ва мағозаи хӯрокворӣ иборат мебошад, бо иштироки меҳмонону сокинони деҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз шуъраи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тавре аз шуъбаи сохтмони шаҳр иттилоъ доданд, муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои фаннӣ, утоқи созмони талабагон, толори варзиш, толори маҷлисгоҳ, китобхона, ҳуҷраи тиббӣ ва майдони варзишӣ мебошад. Барои сохтану таҷҳизонидани ин муассиса аз ҳисоби буҷети шаҳр ҳафт миллион сомонӣ масраф шудааст.

Раиси деҳаи Ғурунг Маҳмадюсуф Исматов мегӯяд, ки “дар деҳаи мазкур 250 оила зиндагӣ менамоянд. То имрӯз фарзандони аҳли деҳа дар биноҳои садамавии муассисаи таълимии рақами 6 дарс мехонданд ва ба мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст рӯ ба рӯ буданд. Хушбахтона, бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим барои фарзандони мо мактаби замонавӣ сохта шуда, дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолият ба сокинони деҳа туҳфа гардид”.

Корҳои созандагию бунёдкориро соҳибкорон ва сокинони деҳа ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар оянда ният доранд 7 км роҳи деҳаро мумфарш намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво