26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

663
Имрӯз бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе дар доираи Фестивали байналмилалии «Чакан» намоиш- фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи намоиши мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз имтиёзҳову имкониятҳои дар соҳаи ҳунармандӣ фароҳамовардаи Роҳбарияти Олии кишвар ёдовар шуд.

Зикр шуд, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз як тараф истеъдоди баланди тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохта, аз тарафи дигар, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Мақсад аз баргузории чорабинии болозикр муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон мебошад.

Бояд зикр намуд, ки барои рушди сайёҳӣ дар мамлакат имкониятҳои бузург мавҷуд буда, он барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ замина мегузорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушд намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин восита муаррифии шоистаи мамлакат ба ҷаҳониён зиёда аз 100 намуди ҳунарҳоро аз андозҳо озод намуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво