18 май 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ ҷамъбаст гардид

715
Аз 2 июл то 2 августи соли равон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Намоишгоҳи якмоҳаи маҳсулоти ҳунармандиро баргузор намуд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, намоишгоҳи мазкур дар толори «Галереяи санъати муосири Тоҷикистон» воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии «Душанбе мол» баргузор шуда, дар он ҳунармандон аз тамоми манотиқи кишвар маҳсули дасти хешро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Ҳамзамон дар доираи намоишгоҳ миёни ширкатҳои сайёҳӣ ва мағозаҳои фурӯши армуғон қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расидааст.Дар Душанбе Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ ҷамъбаст гардид

Ба гуфтаи яке аз иштирокдорони намоишгоҳ, узви «Оилаи ҳунармандон» Фароғат Назарова, ин намоишгоҳ ба онҳо имкон дод, ки маҳсулоташон ба фурӯш равад. Сайёҳон ба онҳо ҷиҳати омода намудани намунаҳои нави маҳсулоти дастӣ тавсияҳо додаанд.

«Тӯли ин як моҳ тавонистам маҳсулотамро ба фурӯш гузорам ва аз фурӯши он ба худ фоидае ба даст орам. Тамоми сарулибос ва лавозимоти мактабии кӯдаконамро бо маблағи бадастовардаам харидорӣ намудам ва аз Пешвои миллат барои дастгириашон нисбат ба ҳунармандон сипосгузорам»-гуфт Ф. Назарова.

Имрӯз бо кумаку дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик дубора эҳё гардида, ҳунармандон дар ҷомеа мақоми хос пайдо мекунанд. Намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифи симои сайёҳии кишвар буда, ҳунармандӣ бо сайёҳӣ тавъаманд.

«Бояд гуфт, ки на ҳама ҳунармандон имкони маҳсулоти худро ба фурӯш баровардан ва ё мағозаеро баҳри савдо кироя гирифтан доранд. Намоишгоҳи якмоҳа ба ҳунармандон имкон дод, то бидуни ягон ташвиш ба фурӯш ва муаррифии маҳсули дасти худ машғул шаванд», омадааст дар хабари Кумитаи рушди сайёҳӣ.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво