16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид

708
Аз 2 июл то 2 августи соли равон дар толори Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии “Душанбе мол” ва толори Истгоҳи роҳи оҳани Тоҷикистон ҳунармандон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ маҳсули дасти хешро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, намоишгоҳ бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси ин Кумита баргузор мегардад.

Имрӯз маросими ифтитоҳи намоишгоҳи якмоҳа дар толори Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии “Душанбе мол” сурат гирифт.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зимни ифтитоҳи намоишгоҳ иброз дошт, ки имрӯз бо кумаку дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик дубора эҳё гардида, ҳунармандон дар ҷомеаи навини тоҷикон мақоми хоссаеро соҳибанд. Ӯ ҳамзамон таъкид намуд, ки намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифи симои сайёҳии кишвар буда, ҳунармандӣ ва сайёҳӣ бо ҳам тавъаманд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур намояндагони ширкатҳои сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб бо шумули менеҷери ширкати “Бин Муса трейвл” Рашид Аки, роҳбар ва менеҷери ширкати “Ейшн голф трейвл” Ушас Сомасундар ва Амира Ашраф иштирок доштанд.

Ҳар як сайёҳ ҳангоми будубош дар фикри дарёфти армуғон бо унсурҳои миллӣ мешавад. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ аз андоз озод карда шуд. Ин иқдоми созанда ба эҳё ва рушди ҳунарҳои асили дастӣ мусоидат намуда, роҳро ба бозори ҷаҳонӣ боз мекунад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво