19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ расман ифтитоҳ гардид

1662
Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба оғози расмии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе бо намоиш ва фурӯши молу маҳсулоти ҳунармандони тоҷик ифтитоҳ ёфт. Аз саросари Тоҷикистон онҳое, ки ба дӯхтани чакан, таҳияи атласу адрас, сабадбофию кулолгарӣ ва табақтарошию кордсозӣ, хуллас равнақу эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, дар намоишгоҳ иштирок доштанд.

Пас аз тамошои ин гӯшаи тоҷикона маросими оғози расмии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон бо суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода оғоз ёфт. Таъсиси ниҳоди алоҳидаи соҳавӣ, фароҳам овардани имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва сода гардонидани низоми раводиди туристӣ- ҳамин имкониятҳо чанде аз тадбирҳое унвон шуданд, ки то ба имсол барои рушди бахши туризм аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Аммо давоми соли равон чунин имтиёзу тадбирҳо афзоиш хоҳанд ёфт. Зеро дар ин давра нақшаву ҳадафҳо барои рушди ду бахш- ҳам сайёҳиву ҳам ҳунарҳои мардумӣ ҷиддӣ мебошанд, иброз доштанд нотиқон.

Ба андешаи иштирокчиён, тадбирҳои то имрӯз амалигардида самараовар мебошанд. Зеро соли гузашта ташрифи сайёҳон нисбат ба соли 2016 қариб 25 фоиз афзудаасту дар раддабандии созмону ниҳодҳои байналмилалии туристӣ Тоҷикистон мавқеи худро хеле боло бурдааст. Ҳамин гуна заминаҳо метавонанд барои рушди сайёҳӣ мусоидат карда, талабот ба маҳсулоти дастии миллӣ афзоиш ёбад.

Зимни баромадҳои коршиносон ҳамзамон маълумот дода шуд, ки давоми сол зиёда аз 100 ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи гуногун бо ҷалби ширкатҳи сайёҳӣ ва созмонҳои бонуфуз баргузор гардида, барои тақвияти инфрасохтори бахши мазкур нақшаи махсуси корӣ таҳия гардидааст. Иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии «АТБ Берлин», «Интурмаркет», МИТТ Федератсияи Россия ва Намоишгоҳи сайёҳии Корея-2018 аз шумули нақшаҳои байналмилалие дониста шуд, ки бояд давоми сол ба сомон расонида шаванд. Дар ҳамоиш ҳамчунин масъулини дигар вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва осорхонаву меҳмонхонаҳо иштирок намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво