26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Роғун қариб 15 ҳазор бех дарахт ва панҷ ҳазор гули лола шинонида шуд

1106
Имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун бо иштироки сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳашари дарахтшинонӣ ва сабзазоркунию гулшинонӣ идома дорад.

Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун иттилоъ доданд, мувофиқи нақша дар шаҳри Роғун бояд 17 ҳазору 250 бех дарахт шинонида мешуд. Хушбахтона, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва саҳми сокинони ватандӯсту соҳибкорону кормандони сохторҳои давлатӣ то 27 март 14 ҳазору 700 бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд.

Ҳамчунин дар Боғи марказии шаҳри Роғун панҷ ҳазор гули гуногунранги лола шинонида шуд.

Мувофиқи иттилои масъулини шаҳри Роғун, дар раванди ниҳолшинонӣ аз ҷониби масъулин аввал навъҳои дарахту буттаҳои ба иқлими шаҳри Роғун тобовар интихоб гардида, баъдан аз маслиҳати мутахассисони соҳа ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ истифода карда мешавад. Чунки яке аз шартҳои асосӣ дар нашъунамои минбаъдаи дарахтон- ин риоя намудани қоидаҳои дурусти агротехникӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво