Дар Роғун сохтмони роҳи ҷумҳуриявии даромади шаҳр оғоз гардид![]() ![]() Роҳи ҷумҳуриявии даромади шаҳри Роғун аз роҳи байналмилалии Душанбе – Ваҳдат – Лахш шурӯъ шуда, то маркази шаҳри Роғун ва Неругоҳи барқи обии «Роғун» 11 километр мебошад. Роҳи мазкур дар даврони Шӯравӣ аз бетон сохта шудааст, ки то ин давра хароб гардида, рафтуомади сокинону меҳмонон ба шаҳри Роғун мушкил гардида буд. Хушбахтона, марҳилаи аввали корҳои сохтмонии ин роҳ аз бетоншиканӣ оғоз гардида, муташаккилона идома дорад. Муовини Раиси шаҳри Роғун Парвина Мусозода иброз намуд, ки «ин рӯйдоди фараҳбахш, ки бо супоришу ғамхориҳои Сарвари давлат оғоз шуд, мояи хушбахтӣ ва сарфарозии сокинони шаҳри Роғун гардидааст. Инак мушкилоти чандинсолаи сокинони шаҳр ҳалли худро ёфта, сабаби рушди минбаъдаи ин шаҳри стратегӣ мегардад». Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун чораҳои зарурӣ бобати нигоҳдории босифати роҳ, фароҳам овардани шароити хуб барои коргарон ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегарданд. АКС: АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |